Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо намояндаи Дастгоҳи Канслери Олмон

14 феврали соли 2019 вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо Сардори Департаменти кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ-и Дастгоҳи Канслери федеролии Олмон Маттиас Люттенберг баргузор гардид.  

Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба таҳкими робитаҳои дуҷонибаи сиёсӣ, нақши Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти минтақа ва ҷалби доираҳои иқтисодиву сармоягузории Олмон ба бахшҳои гидроэнергетика, инфрасохторҳои иҷтимоӣ ва туризм мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.

Сатҳи пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ миёни Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор ёфта, қайд гардид, ки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ заминаҳои хуби вусъати ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавиро фароҳам хоҳад овард. Суҳбат дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум ва созандагӣ ҷараён дошт.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj