Тоҷикӣ | Русский | English  

Барқия ба Императори фахрии Япония Акихито

1 майи 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Императори фахрии Япония Акихито барқия ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Дар ин рӯзҳои таърихӣ нахуст бо камоли сарфарозӣ ба Шумо барои дӯстии самимӣ, ҳусни эътимод ва ҳамкории пайваста сипоси амиқи ин ҷонибро иброз медорам.

Бо хотироти нек аз мулоқоту сӯҳбатҳое, ки тайи солҳои гузашта бо Шумо доштам, мехостам таъкид намоям, ки мо нақши Аълоҳазратро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Япония муҳим арзёбӣ карда, ба хизматҳои Шумо дар ин ҷода арҷгузорӣ менамоем.

Умедворам, ки анъанаҳои равобити неки байни кишварҳо ва мардумони мо дар минбаъда низ рушд ёфта, арсаҳои нави ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро фаро хоҳанд гирифт.

Ба Шумо, Аълоҳазрат, сиҳатии комилу саодатмандӣ ва ба мардуми дӯсти Япония пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзумандам».

 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj