Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Сафири Тоҷикистон дар нишасти ғайринавбатии Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмӣ

9 майи 2019 дар шаҳри иқтисодии ба номи Малик Абдуллоҳи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Сеюмин нишасти ғайринавбатии ИСЕСКО ҷиҳати интихоб намудани Мудири кулли созмони мазкур доир гардид, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Сафири Тоҷикистон доир ба нақши калидии созмони мазкур дар ҳифзи арзишҳои исломӣ, тамаддун ва фарҳанги кишварҳои узви ИСЕСКО ҳамчунин оид ба тақвияти ҳамкории фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистон бо ИСЕСКО изҳори назар намуд.

Намояндаи Тоҷикистон номзади Подшоҳии Арабистони Саудӣ доктор Салим Алмоликро барои интихоб гардиданаш ба мансаби Мудири кулли ИСЕСКО табрик намуда, ба ӯ ҷиҳати татбиқи нақшаҳои ояндааш муваффақият таманно намуд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj