Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо намояндагони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими Россия

28 майи соли 2019 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов бо намояндагони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими Федератсияи Россия баргузор шуд.

Дар рафти вохурӣ масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ миёни он созмонҳо, аз ҷумла мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои муштараки фарҳангию варзишӣ ҳамкории фаъолона ба роҳ монда шавад.

Аз намояндагони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон даъват ба амал оварда шуд, то дар маъракаҳои ҷамъиятии дар шаҳру вилоятҳои Россия баргузоршаванда, иштироки фаъол дошта бошанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj