Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрӣ бо вазири давлатии Подшоҳии Арабистони Саудӣ

Дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ дар ш. Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнзода Музаффар бо Вазири давлатии Подшоҳии Арабистони Саудӣ оид ба корҳои хориҷӣ Одил Ал-Ҷубайр сурат гирифт.

Дар мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла рушди робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва мубориза алайҳи таҳдидҳои амниятӣ баррасӣ шуданд.

Зимни суҳбат таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб барои таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд ҳавасманд мебошанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj