Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон

01 июни 2019 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон  Ҳасани Рӯҳонӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки бо сафари расмӣ дар Теҳрон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози дидор Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон салом ва паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ расонд.

Дар мулоқот муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкиму густариши онҳо, вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни суҳбат дар бораи тавсеаи равобити дуҷониба, ба соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла тиҷорату иқтисод  ишора гардид.


 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj