Тоҷикӣ | Русский | English  

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин

01 июни 2019  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷеаи ғамангези ҷон бохтан ва осеб дидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Корея бар асари садамаи заврақ дар дарёи Дунай дар пойтахти Венгрия моро андуҳгин кард.

Хоҳишмандем ҳамдардиву тасаллияти самимии ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон бирасонед. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонем».

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj