Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Сарони Ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид 31 майи соли 2019 дар шаҳри Ашқобод дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони Ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард.

Дар ҷаласа Давлаталӣ Саид ба масъалаҳои ҳамкорӣ миёни давлатҳои узви Иттиҳод дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайра  таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Ҳамчунин  роҳбари ҳайати Тоҷикистон мавқеи Кишварро роҷеъ ба масоили муҳимми рӯзномаи байналмилалӣ изҳор дошта, аҳаммияти ҳамкории мақомоти гумрукии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ, инчунин зарурати муттаҳидсозии саъю талошҳо дар муқовимат бо таҳдидҳои муосир, аз ҷумла дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгаройро таъкид намуд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj