Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯриҳои Сафири Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Арманистон

11 июни 2019 дар доираи сафари корӣ ба Ереван вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арманистон бо қароргоҳ дар шаҳри Москва бо Муовини Раиси Маҷлиси миллии Арманистон Ваге Энфиаҷян доир шуд.

Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ миёни мақомоти қонунгузор ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ карор гирифт. Дар ин робита, муҳиммияти фаъолияти гуруҳи дӯстии парлумонҳо таъкид гардид.

Масоили ҳамкорӣ дар доираи сохторҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ ҷиҳати мубориза ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз Сафир бо Муовини дигари Раиси Маҷлиси миллии Арманистон Л.Назарян мулоқот кард.

Мусоҳибон бо қаноатмандӣ таъкид карданд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Арманистон дар заминаи анъанаи дӯстии мардумон асос ёфтааст ва бо боварӣ иброз намуданд, ки дар оянда ин робитаҳо боз ҳам тақвият меёбанд.  

Сафири Тоҷикистон баҳри таҳкими ҳамкорӣ бо Арманистон ҳам дар сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СААД ва ИДМ ибрози ҳавасмандӣ намуд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, технологияҳои навин ва таъмини амният табодули афкор карданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj