Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи навбатии Кумитаи кормандони аршади Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО)

13 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи кормандони аршади Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ба кори худ оғоз намуд. Дар ин нишаст 27 кишвари узви Машварат иштирок намуданд.

Ҳадаф аз ҳамоиши мазкур мувофиқа ва ниҳоисозии лоиҳаи Эъломияи Саммити 5-уми Машварат, ки 15 июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мегардад, мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2018-2020 раисии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро ба уҳда дорад.

Саммити МҲТБО чорабинии муҳими Машварат  маҳсуб ёфта, зимни он роҳбарони кишварҳои узв фаъолияти Машваратро мавриди  арзёбӣ қарор дода, масъалаҳои ҷориро муҳокима ва уфуқҳои нави ҳамкориро муайян хоҳанд кард.

Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ниҳоди бонуфузи минтақавӣ таҳти шиори «Бо назари нек ба сӯи амният ва шукуфоии бештари минтақаи МҲТБО» доир мегардад.

 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj