Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини Дабири кулли СААШ

21 октябри соли 2014 дар ш.Брюссел вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) Александр Вершбоу баргузор гардид.

Зимни мулоқот перомуни масъалаҳои рушди робитаҳои дуҷониба байни Тоҷикистону СААШ ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби барномаи Ҳамёрӣ баҳри сулҳ, ки Тоҷикистон дар он аз соли 2002 то кунун иштирок дорад, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Мусоҳибон инчунин доир ба мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вазъият дар Афғонистон ва дурнамои он пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj