Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар чорабинӣ дар Институти Гёте

21 октябри соли 2014 дар ш.Брюссел дар толори Институти Гёте Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чорабинӣ дар мавзӯи “Чолишҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ва паёмадҳои хуруҷи Нерӯҳои байналмилалии мусоидат ба амният аз Афғонистон”, ки бо ибтикори муштараки Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва Бунёди “Hanns Seidel Stiftung” доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни баромади худ C. Аслов мавқеи Тоҷикистонро доир ба вазъи имрӯзаи Афғонистон ва роҳҳои пешгирии чолишу хатарҳои минтақавиву глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, инчунин таҳкими ҳифзи сарҳадот ва эҳёи иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон иброз кард. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ва кӯмак ҷиҳати истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон мебошад.  

Дар чорабинии мазкур Фиристодаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Янош Ҳерман, Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ Ҷеймс Аппатурай ва дигар ашхоси баландпояи созмонҳои минтақавиву байналмилалӣ, сиёсатмадорон, корпуси дипломатии муқими ш. Брюссел, олимон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи аврупоӣ ширкат варзиданд.

Ҳамчунин дар ҳошияи чорабинии мазкур намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони “Тоҷикон дар оинаи таърих” барпо гардид, ки зимни он Сироҷидин Аслов дар бораи таъриху фарҳанг ва санъати куҳани тоҷикон, инчунин имконоти васеи сайёҳии кишвар суханронӣ намуд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj