Тоҷикӣ | Русский | English  

Брифинг роҷеъ ба Нахустин анҷумани сармоягузории СҲИ барои Осиёи Марказӣ

24 октябри соли 2014 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг барои намояндагони ВАО дар бобати Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои Осиёи Марказӣ, ки 27-28 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, доир гардид.

Зимни брифинг Муовини сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷӣ Вафо Ниятбеков ба хабарнигорон роҷеъ ба масъалаҳои омодагӣ ба Анҷумани сармоягузории мазкур, ҳадафҳои баргузории Анҷуман дар шаҳри Душанбе ва чорабиниҳои пешбинишуда маълумот пешниҳод кард.

Ҳамзамон Сардори Раёсати созмонҳои байналмилалӣ Идибек Қаландаров ба саволҳои рӯзноманигорон посух дод.

Дар анҷоми брифинг ба роҳбари намояндагии «ИТАР-ТАСС» дар Тоҷикистон Галина Гриднева Табрикномаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 110-солагии Агентии иттилоотии «ИТАР-ТАСС»  супорида шуд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj