Тоҷикӣ | Русский | English  

Дидори Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ

28 октябри соли 2014 дар ҳошияи Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории Исломӣ барои Осиёи Марказӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Амир Туркӣ ибни Муҳаммад ибни Сауд  баргузор гардид.

Туркӣ изҳор дошт, ки Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории Исломӣ барои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардид ва барои густариши муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун, махсусан дар соҳаҳои иқтисод ва сармоягузорӣ хеле муфид хоҳад буд.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ имконияти бештар барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвари дӯст фароҳам меоварад. Дар ин партав роҷеъ ба нишасти навбатии Муколамаи ҳамкории Осиё, ки интизор аст моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Риёз баргузор гардад, табодули назар сурат гирифт.

Ҳамкориҳои бисёрҷониба дар сиғаи Форуми ҳамкорӣ ва иқтисодии давлатҳои араб ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон мавзӯи дигари мавриди назари ҷонибҳо буд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj