Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи Муовини ёвари Котиби мудофиаи ИМА

22 октябри соли 2014 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим бо иҷрокунандаи вазифаи Муовини ёвари Котиби мудофиаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба умури Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ хонум Кристина Абизайд баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот Сафири Тоҷикистон аз дастгириҳои ҷониби америкоӣ дар таҳкими амнияти сарҳадӣ ва баргузор намудани машғулият ва семинарҳо барои афсарони тоҷик миннатдорӣ баён карда, изҳори умедворӣ намуд, ки ҷониби америкоӣ кӯмак ва дастгирии худро ба мақомоти қудратии кишвар идома хоҳад дод.

Хонум Абизайд дар навбати худ қайд намуд, ки муносибот бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ИМА муҳим мебошад. Аз ин рӯ номбурда зарурат ва аҳамияти ҳамкориҳои дуҷонибаи судмандро таъкид намуд.

Инчунин дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба тақвият додани ҳамкориҳои муштарак дар мубориза бар зидди терроризм ва экстримизм, амнияти минтақа, вазъи иқтисодӣ ва лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ изҳори назар карданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj