Тоҷикӣ | Русский | English  

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон тавофуқи Эрон ва  кишварҳои 5+1-ро дастоварди таърихӣ ва пирӯзии иқдомҳои хирадмандона ва дипломатияи созандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷонибҳои алоқаманд арзёбӣ мекунад.

Мо ин тавофуқ ва комёбиро ба роҳбарият ва мардуми шарифи Эрон ва инчунин кишварҳои гурӯҳи 5+1 самимона табрик мегӯем.

Аз нахустин рӯзҳои музокироти атомии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ мо бар ин мавқеъ будем, ки мусоламат, ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва эҳтиром бар ҳуқуқу манофеи ҳамдигар заминаи мустаҳкам ва умедбахш дар ин раванд аст.

Боварӣ дорем, ки тасмимҳое, ки дар натиҷаи музокирот дар Вена рӯзи 14 июли соли 2015 гирифта шуданд, ба рушди беш аз пеши Эрон ва таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат намуда,  фасли наверо дар тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ хоҳанд кушод.
 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj