Тоҷикӣ | Русский | English  

Изҳорот барои ВАО дар робита ба конфронси дар Эрон баргузоршуда

29 декабри соли 2015 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фиғонӣ ба Вазорат даъват карда шуд. Зимни вохӯрӣ масъалаи баргузории Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ, ки 27 декабри соли равон дар ш. Теҳрон баргузор гардид, баррасӣ шуд. Дар анҷоми вохӯрӣ ба Сафири Эрон ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуд, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:

“Вазорат бо камоли таассуф таъкид мекунад, ки ба Конфронс собиқ Раиси Ҳизби ифротгаро ва террористии наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ, ки нисбаташ барои кӯшиши табадулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни ҳол ӯ дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад, даъват шуда буд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин амали созмондиҳандагони конфронси мазкурро қобили қабул намедонад ва қотеъона изҳор медорад, ки чунин муносибат ба мухолифони давлат ва миллати Тоҷикистон ба равобити ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад халал ворид намояд”. 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj