Тоҷикӣ | Русский | English  

Ташрифи ҳайатҳои хориҷӣ (19 октябр -1 ноябри соли 2017)

19-21 октябри соли 2017 – ташрифи намояндаи Дабири кулли СММ, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда хонум Наталя Герман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

22-25 октябри соли 2017 – ташрифи ҳайати мутахассисон ва соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Покистон  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

25-28 октябри соли 2017 – ташрифи Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Такехико Накао  ба Ҷумҳурии  Тоҷикистон.

26-28 октябри соли 2017 – ташрифи ҳайатҳои Афғонистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Покистон, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Хитой, Узбекистон ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи 16-уми Конфронси вазирони Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ).

29 октябр -1 ноябри соли 2017 – сафари расмии Раиси Парламенти Арманистон ҷаноби Ара Баблоян ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj