Тоҷикӣ | Русский | English  

Суханронии Президент дар ҷаласаи Шӯрои cарони давлатҳои ИДМ дар ҳайати васеъ

Муҳтарам Раис,
Ҳамтоёни муҳтарам,

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба ҷониби Россия ва ба Президент Владимир Владимирович Путин барои меҳмоннавозии гарм ва ташкили сатҳи баланди ҷаласа изҳори миннатдорӣ намоям.

Рӯзномаи ҷаласаи мо масъалаҳои муҳимро фаро мегирад ва мо қабули қарорҳои дахлдорро барои ҳалли онҳо маъқул медонем.

Барои дастгирии қарор дар барои гузариши раёсат дар Иттиҳод ба Ҷумҳурии Тоҷикистон минатдориамонро изҳор медорам.

Аз ҷониби мо Консепсияи раёсати Тоҷикистон ва Нақшаи татбиқи он таҳия карда шудааст.

Афзалиятҳои раёсати мо ба таъмини муттасилӣ дар Иттиҳод ва таҳкими натиҷаҳои то имрӯз бадастомада равона карда мешаванд.

Дар самти ҳамгироии иқтисодӣ кӯшишҳо ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи сеюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020 равона хоҳанд шуд.

Дар соҳаи энергетика тақвияти кӯшишҳо оид ба ҷоннокунии ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои сарфаи энергия ва барқарорсозии фаъолияти мувозии низоми электроэнергетикии давлатҳои иштирокдори ИДМ ҳадафи афзалиятнок мегардад.

Дар баробари ин, мо тасмим дорем, ки ҳамкориро дар азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия рушд диҳем.

Дар соҳаи нақлиёт ба татбиқи Самтҳои афзалиятноки ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар ин соҳа барои давраи то соли 2020 диққати махсус дода мешавад.

Ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории байни кишварҳоямонро дар соҳаи интиқоли мол, ҳамлу нақли автомобилӣ ва роҳи оҳан зарур мешуморем.

Дар соҳаи кишоварзӣ ба чаробаниҳое, ки ба пешбурди масъалаҳои амнияти озуқаворӣ нигаронида шудаанд, афзалият дода мешавад.

Барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ ба масъалаҳои логистикӣ ва татбиқи лоиҳаҳо оид ба қабули қарорҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногун таваҷҷуҳ зоҳир кардан зарур аст.

Яке аз вазифаҳои муҳим рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва муҳоҷират мебошад.

Дар соҳаи гуманитарӣ кӯшишҳо ба самти ҳамоҳангсозии амалҳо дар соҳаи илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва иттиллоот равона хоҳанд шуд.

Бо муҳтавои сифатан нав мукаммал сохтани кор бо ҷавонон, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тавсеаи робитаҳои сайёҳиро муҳим мешуморем.

Таваҷҷуҳи зарурӣ ба татбиқи Барномаи байнидавлатии ҳамкории иноватсионӣ барои давраи то соли ду ҳазору бист равона хоҳад гашт.

Дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист кор дар самти таҳияи ҳуҷҷатҳо ва барномаҳои дахлдор, ки ба беҳтар намудани муҳити зист ва огоҳ намудан аз ҳолатҳои фавқулода равона шудаанд, идома хоҳад ёфт.

Таҳкими минбаъдаи ҳамкориро дар соҳаи рафъи оқибатҳои офатҳои хусусияти табиӣ ва техногенидошта муҳим мешуморем.

Масъалаҳои таъмини амният ва субот дар давраи раёсати Тоҷикистон чун аввалият боқӣ мемонанд.

Мо бо ҳар тарз ба татбиқи амалии қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ доир ба мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳо, ки дар доираи Иттиҳод қабул шудаанд, мусоидат мекунем.

Ин, терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар навъҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мебошанд.

Дар самти мукаммал сохтани фаъолияти мақомоти ИДМ кор дар асоси Дастурамали умумӣ дар бораи мақомоти ҳамкории соҳавии ИДМ ва татбиқи Қарори Шӯрои сарони давлатҳо доир ба мутобиқсозии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба воқеиятҳои муосир идома дода мешавад.

Дар самтҳои зикршуда мо ният дорем, ки бо ҳамаи кишварҳои иштирокдор ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ҳамгироии мутақобилаи зич ба роҳ монем.

Изҳори боварӣ менамоям, ки кӯшишҳои муштараки мо ба таҳкими муносибатҳои бисёрҷонибаи миёни кишварҳоямон дар доираи Иттиҳод мусоидат хоҳанд кард.

Барои таваҷҷуҳатон ташаккур.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj