Тоҷикӣ | Русский | English  

Таҷлили 25-солагии Иҷлосияи таърихӣ дар Олмон

10 ноябри соли 2017 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Олмон бахшида ба  25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву илмӣ, донишҷӯён ва аъзоёни Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон баргузор гардид.

Дар оғози ҷамъомад Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов дар назди ҳозирин бо маърӯза зери унвони “Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ – Иҷлосияи тақдирсоз барои давлату миллати Тоҷик” баромад намуд. Сафири Тоҷикистон қайд намуд, ки маҳз Иҷлосиси 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдевори сулҳу салоҳ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид. Сипас аз номи Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон сардори Раёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ ҷаноби Михаэл Зиберт баромад намуда, ҳозиринро ба ҷашни 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин бо 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Олмон ва Тоҷикистон табрик намуд.

Дар назди ҳозирин бастакори шинохтаи тоҷик Фирӯз Баҳор, ки чанде пеш бо даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе сафар карда буд, баромад намуда иброз дошт: “Аз рушди Тоҷикистон ва зиндагии шойистаи мардуми тоҷик хеле ифтихормандам”. Сипас Фирӯз Баҳор дар назди ҳозирин аз эҷодиёти худ якчанд оҳанг пешниҳод кард.    

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj