Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Вазири захираҳои инсонӣ ва аморотикунонӣ

14 ноябри 2017 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА Б.Шарифӣ бо Вазири захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии Амороти Муттаҳидаи Араб ҷаноби Носир Сонӣ Ал Ҳамилиро мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо қанотмандии худро аз сатҳи кунини муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд.

Ҷонибҳо зарурати густариши ҳамкориҳоро дар самти ҷалби қувваи корӣ, инчунин ҳарчӣ зудтар мувофиқа ва ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти қувваи корӣ таъкид сохтанд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj