Тоҷикӣ | Русский | English  

Суханронии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ

10 ноябри соли 2017 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар иҷлосияи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) роҷеъ ба азнавташкилдиҳии низоми рушди Созмони Милал ҷиҳати дастгирии татбиқи Рӯзномаи 2030, ки бо иштирок ва маърӯзаи Дабири Кулли СММ Антонио Гутерриш баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуд.

Дар суханронии худ, Намояндаи доимӣ оид ба диди Тоҷикистон дар масъалаҳои ислоҳоти низоми рушди СММ маълумот дода, аҳамияти тақвияти фаъолияти СММ барои дастгирии кишварҳои аъзо дар татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ва маблағгузории Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба обу беҳдоштро муҳим арзёбӣ намуд.

Дар робита ба нақш ва ташаббусу пешниҳодҳои муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбарии масъалаҳои ҷаҳонии об, Дабири Кулли СММ иброз дошт, ки “Мо аз роҳбарии кишвари Шумо дар пешбарии ин самт бениҳоят миннатдорем ва ин роҳбариро пурра дастгирӣ менамоем”.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj