Тоҷикӣ | Русский | English  

Сафири Тоҷикистон дар қабули расмии Президенти федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер


Рӯзи 11 январи соли ҷорӣ Президенти федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар қасри Белвюи шаҳри Берлин  роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Олмонро ба ҳузур пазируфт. Дар ин қабули расмӣ Сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов иштирок намуд.

Дар рафти сӯҳбат Сафири Тоҷикистон ба Президенти федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер саломи дӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонда, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳарду кишвари дӯст иброз намуд.

Дар навбати худ Президенти федеролии Олмон ба Пешвои миллат саломи дӯстона фиристода, омодагии ҷониби Олмонро ҷиҳати вусъати муносибатҳои гуногунҷабҳаи дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон изҳор дошт.   

Дар чорабинии мазкур ҳамзамон вазири федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон ҷаноби Герд Мюллер иштирок дошт.








 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj