Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафир бо Мудири иҷроии Агентии кулли фарҳангии Саудӣ

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Мудири иҷроии Агентии кулли фарҳангии мамлакат Аҳмад ибни Фаҳд Алмазид мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили таҳким ва густариши робитаҳои фарҳангии миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба баргузорсозии Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Рӯзҳои фарҳангии Саудӣ дар Тоҷикистон зоҳир гардид.

Ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, ки Рӯзҳои фарҳангии Саудӣ моҳҳои наздик дар Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ моҳи феврали соли 2019 баргузор карда шаванд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj