Тоҷикӣ | Русский | English  

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шоми 14 майи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

15 май маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

Маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj