Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Раиси Кумитаи кишоварзӣ ва сарватҳои баҳрии Давлати Кувайт

14 майи соли 2018 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати кувайт Зубайдулло Зубайдов бо Раиси Кумитаи кишоварзӣ ва сарватҳои баҳрии кишвари иқомат Шайх Муҳаммад Юсуф Сууд ас-Сабоҳ баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, густариши ҳамкориҳо дар соҳаи кишварзӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе” ва Боғи ҳайвоноти шаҳри ал-Кувайт, табодули таҷриба ва мутахассисони ин соҳа, баррасӣ гардид.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj