Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштирок дар Муколамаи сатҳи баланд

9 июли соли 2018 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон доир гардид, иштирок намуд.

Дар рафти ҳамоиш масъалаҳои вобаста ба мубориза алайҳи таҳдиду чолишҳои замони муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин мудирияти захираҳои об ва масоили сулҳу субот дар Афғонистон муҳокима гардиданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj