Тоҷикӣ | Русский | English  

Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF 2018)

9 июли 2018 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар маросими ифтитоҳи Форуми сиёсии сатҳи баланд (HLPF-2018), ки таҳти сарпарастии Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ЭКОСОК) доир мегардад, иштирок намуд.

М. Маҳмадаминов ба ҳайси Ноиби Президенти ЭКОСОК ҳамчунин яке аз сессияҳои интерактивии Форуми болозикрро таҳти унвони “Ҳадафи 6-уми рушди устувор –таъмини дастрасӣ ва мудирияти устувори об ва беҳдошт барои ҳама” раисӣ намуд.

Форуми мазкур механизми асосии бисёрҷонибаи низоми СММ ҷиҳати  баррасии раванди татбиқи Рӯзнома оид ба рушди устувор барои давраи то соли 2030 (Рӯзномаи 2030) ба ҳисоб меравад. Ҳадаф аз баргузории Форум мусоидат ба табодули таҷрибаи муваффақ дар ноилшавӣ ба рушди устувор мебошад.

 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj