Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафир бо Раиси Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Беларус.

7 августи соли 2018 вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларс М. Ҳақдод бо Раиси Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Беларус Гучок А.Е. баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳоро дар соҳаи илм ва маъориф миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус мавриди муҳокима қарор дода, ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо байни комиссияҳои аттестатсионии ҳарду кишвар ва таҳияи санадҳои меъёриву ҳуқуқии он муҳим арзёбӣ намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj