13 апрели соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар доир ба кишварҳои осиёӣ Айман Комил мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили миёни ду кишвар, таҳким ва густариши минбаъдаи равобити дӯстӣ ва ҳамкории судбахш баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва истифода аз имкону захираҳои мавҷуда зоҳир гардид.