16 апрел Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср доир ба омодагӣ ва муҳтавои Конфронси байналмилали об, ки моҳи июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, бо ҷалби коршиносони маҳаллӣ ва иштироки доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ орост.
Дар нишасти матбуотӣ, ки зери унвони “Тоҷикистон-давлати пешоҳанги олам дар масоили об, иқлим ва иқтисоди сабз”, ҷараён гирифт, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира Заробиддин Қосимӣ, Муовини вазири захираҳои об ва обёрии Миср Раҷаб Абдулазим ва пажуҳишгари сиёсии мисрӣ Башир Абдулфаттоҳ доир ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, муҳтаво ва аҳамияти конфронси Душанбе, инчунин ҳамкории судбахши Тоҷикистону Миср дар соҳаи об ва тағйирёбии иқлим маълумоти муфассал доданд.
Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
Телеграм t.me/mfa_tj
Твитер /twitter.com/MID_Tajikistan