21 август дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташабуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар, бахшида ба таҷлили Ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар мавзӯи «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон», бо иштироки коршиносону мутахассисони соҳа, собиқадорон дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ва намояндагони сафоратҳои давлатҳои хориҷии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҷеъ ба масъалаҳои мубрами сиёсати хориҷии кишвар Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода, Муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафарзода, собиқадорони дипломатияи тоҷик, намояндагони сафоратҳои давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва дигар коршиносону мутахассисон баромад карданд.