Паёми Президенти кишвар ба Президенти АМА

26.08.2015 10:34

Чанд рӯз пеш Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Аълоҳазрат Шайх Халифа бин Зойид Оли Наҳён паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро роҷеъ ба муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвар ва роҳҳои густариши ин ҳамкориҳо дастрас намуд.

Паёми мазкурро Юсуф Бобокалонов, Кордори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб зимни мулоқоташ бо Шайх Мансур бин Зойид Оли Наҳён Муовини Сарвазир ва Вазири умури Президентии АМА, ки дар Қасри Президентӣ баргузор гардид, супорид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои муштарак ва роҳҳои рушди минбаъдаи онҳоро дар соҳаҳои мухаталиф баррасӣ намуданд.

Паёми Президенти кишвар ба Президенти АМАПаёми Президенти кишвар ба Президенти АМА

Нигористон

Тақвим