22 августи соли 2015 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ҳамроҳ бо Муовини вазири тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимов бо доктор Саид Ҳасани Ҳошимӣ-Вазири беҳдошт, дармон ва улуми пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот доир намуд.
Дар рафти вохурӣ оид ба масъалаҳои мубрами ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон, рафти татбиқи барномаву лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар бахшҳои дарёфт ва роҳандозии усулҳои муосири ташхис, таъминот бо маводи дорувории хушсифат, ҳамчунин дар робита ба масъалаҳои тибби муосир-пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, инчунин қабули донишҷӯён тариқи бурсия ва дигар мавзӯъҳо табодули назар сурат гирифт.