Мулоқот бо сафирони ҶИА ва ҶИП

28.08.2015 14:07

28 августи соли 2015 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Сафирони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Абдуғафур Орзу ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Тариқ Иқбал Сумроро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Сафирони кишварҳои дӯст ба Муовини вазири корҳои хориҷӣ даъватномаи муштараки Вазири корҳои хориҷии Ҷумуҳрии Исломии Афғонистон ҷаноби Салоҳиддин Раббонӣ ва Мушовири Нахуствазири Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба корҳои амнияти миллӣ ва хориҷӣ ҷаноби Сартоҷ Азизро унвонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ҷиҳати иштирок дар Конфронси вазирони Қалби Осиё-Раванди Истамбул, ки 8 декабри соли ҷорӣ дар Исломобод зери унвони “Як минтақаи осоишта, устувор, муттаҳид ва шукуфон” баргузор мегардад, супориданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ аҳамияти раванди мазкурро дар таъйини самтҳои афзалиятноки ҳамкории минтақавӣ бо Афғонистон баланд арзёбӣ намуда, миннатдории худро барои даъвати ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар чорабинии мазкур изҳор намуд. 

Нигористон

Тақвим