Супоридани нусхаи Эътимоднома аз ҷониби Сафири Туркия

28.08.2015 16:08

28 августи соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Сироҷидин Аслов нусхаи Эътимоднома Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Озтурк Йилмазро қабул намуд.

Пас аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти дуҷониба баргузор гардид, ки дар рафти он вазъи кунунӣ ва тавсеаҳои башардӯстона ҷиҳати таҳкими бештари муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаҳои иқтисод, савдо, сармоягузорӣ, фарҳангу маориф табодули афкор сурат гирифт. Сироҷидин Аслов қаноатмандии худро роҷеъ ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия баён намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки Сафири нави Туркия барои таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳо миёни ду кишвар саҳми сазовор хоҳад гузошт.  

Сафир Озтурк Йилмаз дар навбати худ аҳамияти таҳкими муносибатҳои шарикона бо Тоҷикистонро барои кишвараш таъкид карда, иброз дошт, ки тамоми кӯшиши худро барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ равона хоҳад кард.
Вазири корҳои хориҷӣ ба ӯ дар ин вазифаи фахриву пурмасъулият комёбиҳо таманно кард.

Супоридани нусхаи Эътимоднома аз ҷониби Сафири ТуркияСупоридани нусхаи Эътимоднома аз ҷониби Сафири ТуркияСупоридани нусхаи Эътимоднома аз ҷониби Сафири Туркия

Нигористон

Тақвим