Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Роҳбари бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон

31.08.2015 14:36

31 августи соли 2015 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Сардори шӯъбаи Аврупо ва Осиёи Марказии Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар ш. Женева хонум Хулан Тседевро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқоти мазкур ҳамкориҳо дар самти татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии  Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла татбиқи тавсияҳо дар чаҳорчӯби Шарҳи универсалии даврӣ (УПО) мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Нигористон

Тақвим