Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ

01.09.2015 17:57

30 августи соли 2015 дар шаҳри Риёз мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Азамшо Шарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат доктор Одил ибн Аҳмад Ал-Ҷубайр доир гардид.  

Сафир А. Шарифӣ бо таъкиди  ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Арабистони Саудӣ ба маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи миёни ду кишвар, ки ниёзманди таваҷҷуҳи  бештаранд, ишора кард.

Вазири корҳои хориҷии Мамлакат дар навбати худ аз сатҳи кунунии  робитаҳои  миёни ду кишвар ва ҷараёни густариши онҳо  изҳори қаноатмандӣ намуда, нияти ҷониби саудиро ба тавсеаи ҳамкориҳо дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид кард.

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ 

Нигористон

Тақвим