2 сентябри соли 2015 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Муовини ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Дениел Розенблум мулоқот кард.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масоили ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар намуда, масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ, амниятию сиёсӣ ва мубориза бар зидди терроризми байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тавсеа додани ҳамкории мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва ИМА изҳор доштанд.