9 июни соли 2022 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳамоиши сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур дар баробари намояндагони Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон ва Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ҳарду кишвар, анҷуманҳо, намоишгоҳҳои сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Ҳамоиш бо суханронии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ оғоз ёфт, ки дар он вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити Тоҷикистон ва Эрон дар партави сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон (29-30 майи соли 2022) мавриди арзёбӣ қарор гирифт. Дар ин росто қайд гардид, ки имзои санадҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф зимни боздиди мазкур заминаи мусоидро барои тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахши сайёҳӣ миёни Тоҷикистону Эрон фароҳам овардааст.
Дар рафти ҳамоиш роҳбарияти ширкатҳои сайёҳии “Ориент Тур”, “Расул Тур”, “Рафтем”, ва “Хидматрасонии сайёҳӣ”-и Тоҷикистон имкониятҳои сайёҳии кишварро муаррифӣ карданд. Дар ҳошияи ин чорабинӣ мусаввараҳо ва филмҳо дар бораи ҷозибаҳои сайёҳии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, дар фарҷоми он қарордодҳои ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расид.