13 июни соли 2022 сафири навтаъйини Подшоҳии Марокаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рашид Маанину нусхаи эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи самтҳои авлавиятноки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.
Музаффар Ҳусейнзода Муҳаммад Маанинуро ба муносибати таъин шуданаш ба вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Марокаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти корӣ барору комёбӣ таманно намуд.