22 июни соли 2022 дар Вена намоишгоҳи маҳсулоти ватанӣ дар доираи лоиҳаи “CANDY V – Ҳамгироии минтақавӣ ва зарфиятсозӣ ба мақсади тақвияти рақобатнокии корхонаҳои хурду миёна дар тиҷорати бахши кишоварзӣ ва тарвиҷи тиҷорат дар Осиёи Марказӣ”-и ташкилоти ғайриҳукуматии австриягии “Hilfswerk International” баргузор гардид.
Ҳайати расмии кишвар бо шумули намояндагони бахши хусусии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваи хушк, чормағз ва асал дар намоишгоҳи мазкур ширкат варзида, бо шарикони эҳтимолии австриягӣ мулоқотҳои судмандро анҷом доданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj