28 июни соли 2022 дар Лиссабон дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо шумули муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва Раиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода бо вазири инфрасохтор ва хоҷагии оби Нидерланд Марк Харберс баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 (6-9 июни соли 2022, ш. Душанбе) ва омодагӣ ба баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи обро, ки соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мегардад, муҳокима намуданд.