Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Португалия 4 августи 1992 барқарор шудаанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Португалия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мария Мадалена Лобу Карвалю Фишер мебошад. Ӯ эътиборномаи худро 9 марти 2023 супурдааст ва иқоматгоҳаш дар Москва аст.
Португалия шарики боэътимоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Заминаи рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд дар рафти мубодилаи сафарҳои дуҷонибаи сатҳи олӣ гузошта шудааст. Соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи САҲА, вазири корҳои хориҷии Португалия Антонио Мартинз да Крузро ба ҳузур пазируфт. Зимни сӯҳбат ҷонибҳо масоили дуҷониба ва вазъи минтақа ва хусусан Афғонистон диққати махсус доданд. Инчунин соли 2009 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Португалия Луиш Амаду ба Тоҷикистон ташриф овард ва мулоқотҳои ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷӣ баргузор гардиданд. Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, вазъияти Афғонистон ва дигар масъалаҳои байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳи муштарак муҳокима гардид.
Cоли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Португалия Жоао Гомеш Кравинюро, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Об барои ҳайёт” ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла норасоии оби тоза дар бисёр минтақаҳои сайёра, истифодаи сариштакорона ва босамари захираҳои обию энергетикӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Португалия баррасӣ шуд.
Соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Португалия Жоао Гомеш Кравино эъломияи муштарак бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар ба имзо расониданд. Дар он ҷонибҳо робитаҳои ҳасанаи тарафайн дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро зикр намуда, омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуданд.
Пояи қарордодӣ ҳуқуқии ду кишвар дар ҳоли ташаккулёбӣ қарор дорад.
13.03.2025