14 сентябри соли 2022 брифинги муштаркаи Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ва Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) оид ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» (ш. Душанбе, 18-19 октябри 2022) дар қолаби маҷозӣ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинии мазкур, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва Муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков дар бораи барнома ва чорабиниҳои тадорукотию ташрифотии Конфронси байналмилалии мазкур, инчунин “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он”, иқдому талошҳо ва саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Намояндаи доимии кишвар изҳори итминон кард, ки Конфронси амниятии Душанбе дар муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои амниятӣ такони нав бахшида, “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” ҳамчун платформаи муҳим барои ҳамкории созанда ва судманд барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати таҳкими амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ хизмат хоҳад кард.
Муовини Дабири кулли СММ қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар самти мубориза бо терроризм, аз ҷумла тавассути ҳамкории худ бо Дафтари зиддитеррористии СММ нақши муассир мебозад.
Дар брифинг зиёда аз 90 нафар, аз ҷумла намояндагони кишварҳои узви СММ ва коршиносони байналмилалӣ иштирок намуданд.
Қобили зикр аст, ки намояндаҳои Ӯзбекистон, Тунис, Испания, Шри-Ланка, Кирибати, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Чин, Марокко ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар СММ зимни баромади худ дар брифинг саҳм ва ташаббусҳои байналмилалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ муҳим арзёбӣ намуда, иқдоми навбатии кишвари моро оид ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд саривақтӣ хонданд.
Дар фарҷоми брифинг Намояндаи доимии кишвар ва Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ аз кишварҳои узв даъват намуданд, ки иштироки ҳайатҳои худро дар чорабинии мазкур дар сатҳи баланд таъмин намоянд.