1 октябри соли 2015 дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк вохӯрӣ миёни Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва Ёвари Котиби давлатии ИМА хонум Ниша Бисвал доир гардид.
Зимни суҳбат масоили ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод ва гуманитарӣ баррасӣ шуданд. Мусоҳибон зарурати таҳкими минбаъдаи алоқаҳоро дар самтҳои мухталифи мавриди тавваҷҷуҳи тарафайн таъкид намуданд.