12 октябри соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон Дамба Ганхуягро, ки барои иштирок дар нахустин машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Муғулистон дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Муғулистон дар заминаи татбиқи мувофиқатҳое, ки қаблан дар натиҷаи мулоқоти роҳбарони ду кишвар моҳи сентябри соли 2014 дар Душанбе ҳосил шуданд, мавриди табодули назар қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар арсаҳои мухталиф баррасӣ намуданд.