Дидори Вазири корҳои хориҷӣ бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ

13.10.2015 18:35

13 октябри соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон Александр Зуев мулоқот кард.

Дар рафти мулоқот натиҷаҳои ширкати ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 70-уми Маҷмаи Умумии СММ, Саммити СММ оид ба рушди устувор ва Чорабинии канории сатҳи баланд дар ҳошияи Саммити СММ 2015 таҳти унвони “Ҷоннок намудан ва ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба об”, ки аз ҷониби Тоҷикистон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо инчунин раванди татбиқи лоиҳаҳои СММ-ро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд, муҳокима карданд.

Дидори Вазири корҳои хориҷӣ бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ

Нигористон

Тақвим