Муносибатҳои Тоҷикистон бо Норвегия

19.01.2024 11:00

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Норвегия

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Норвегия 29 июни соли 1992 барқарор гардидаанд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Норвегия Қаландар Идибек (13 феврали 2020 супоридани эътимоднома) бо қароргоҳ дар Вена мебошад. Сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Норвегия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш.Осло) ҷаноби Ҷон Микал Квистад мебошад.

Ҳамкории сиёсӣ (мубодилаи сафарҳо). Вазирони корҳои хориҷии Норвегия ду маротиба ба Тоҷикистон сафар намудаанд. Сафари якум соли 1999 ҳангоми  раисии Норвегия дар САҲА ва сафари дуюм соли 2004 ба вуқӯъ пайвастанд. Ҳайати норвегии Ассамблеяи Парламентии САҲА соли 2012 ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.

6 декабри соли 2018 дар шаҳри Милан, Италия дар ҳошияи ҷаласаи 25-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷии Норвегия хонум Ине Мари Эриксен Сорейде баргузор гардид.

21 сентябри 2021 дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Норвегия Ине Мари Эриксен Сюрайде вохӯрӣ намуд.

Ҳамкории иқтисодӣ. Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар моҳи январ-ноябри соли 2023  – 562,3 ҳазор доллари ИМА (воридот –  562,3 ҳазор доллари ИМА, содирот – 00 ҳазор доллари ИМА)-ро ташкил дод.

Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии байнидавлатӣ дар марҳилаи барқароршавӣ қарор дорад

Ҳуҷҷатҳои имзошуда: Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Норвегия ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 апрели соли 2010 ба имзо расидааст.

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                           Ноябр, 2023

Нигористон

Тақвим