16 январи соли 2023 дар қароргоҳи Дабирхонаи Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ дар Риёз мулоқоти машваратии дуюми роҳбарияти Шӯрои мазкур бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ иштирок намуд.
Нишасти мазкур ҷиҳати пайгирии натиҷаҳои ҷаласаи якуми муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ, ки 7 сентябри соли 2022 дар Риёз баргузор гардида буд, доир шуд.